Translation is not possible.

🔩 Устувории Имом Аҳмад (رَحِمَهُ الله)

Маймун ибни Асбоғ (رَحِمَهُ الله) гуфт: «Вақте дар Бағдод будам, садои баланде шунидам ва пурсидам: “Ин чист?” Ба ман гуфтанд: “Аҳмад ибни Ҳанбал зери имтиҳон аст” ва ман ба он ҷо дохил шудам.

Вақте ӯро тозиёна заданд, гуфт: «Бисмиллоҳ».

Вақте бори дуюм заданд, гуфт: “Ла ҳаула ва ла қууата илла биллаҳ”(Ҳеҷ кас ҷуз Аллоҳ қудрату тавоноӣ надорад).

Вақте бори саввум заданд, гуфт: “Қуръон Каломи Аллоҳ аст ва махлуқ нест”.

Вақте бори чаҳорум ӯро заданд, гуфт: «Бигӯ: «Ҳаргиз мусибате ба мо намерасад, ҷуз ончи Аллоҳ таоло бароямон муқаррар кардааст» (Тауба: 51).

Ва баъд бисту нуҳ тозиёна ӯро заданд».

📚 «Сифат ас Сафуа», 1/485

Сураи Тавба Ояти 51

قُلْ لَنْ يُصِيبَنَا إِلَّا مَا كَتَبَ اللَّهُ لَنَا هُوَ مَوْلَانَا ۚ وَعَلَى اللَّهِ فَلْيَتَوَكَّلِ الْمُؤْمِنُونَ ٥١

Қул ла-й юсӣбана илла ма катабаллоҳу лана Ҳува мавлана. Ва ъалаллоҳи фа-л ятаваккали-л-муъминун. 51.

51. Бигӯ (ба онҳо): «Ҳаргиз моро мусибате нарасад, магар он чӣ ки Аллоҳ барои мо навиштааст. Ӯ корсози мост. Ва муъминон бояд ки хос бар Аллоҳ таваккул кунанд».

Аллоҳтаъоло дар ҷавоби мунофиқон Набии Худ (с)-ро иршод фармудааст, ки ба онҳо бигӯ, ки мо ҳама таҳти қудрат ва хости Аллоҳтаъоло қарор дорем. Ӯ таъоло сарнавишти моро хоҳ нек бошаду хоҳ бад, дар Лавҳулмаҳфуз қаблан навишта аст. Ба ғайри тақдиркардаи Ӯ дигар чизе ба мо намерасад. Ба ҳар коре моро амр кунад, дар зоҳир бад ҳам бошад, ба фоидаи мост, мо итоъат мекунем. Ӯ таъоло соҳибу корсозу паноҳгоҳи мост. Дар ҳама кор ба Зоти поки Ӯ паноҳ мебарем ва ба Ӯ таваккал мекунем, ба ғайри Ӯ ба ҳеҷ чиз эътимод надорем. Мо имон дорему танҳо ёриро аз Ӯ талаб мекунем ва сар бар остони Ӯ месозем, ба ғайри Ӯ такягоҳ ва паногоҳи дигаре намеҷӯем!

Send as a message
Share on my page
Share in the group